Декабр 19, 2016 11:46 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани 20 имом хатиби масоҷиди Суғд дар соли 2016

Бо ҳукми додгоҳҳои вилояти Суғд имсол 20 имоми хатиби масоҷиди ин вилоят ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Ихвоналмуслимин ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ба иттилои Toptj, мақомоти амниятии вилояти Суғд аз баҳори имсол афроди муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи мамнуи Ихвоналмуслимин ва муттаҳам ба талош барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистонро боздошт карданд, ки инак 20 нафар аз имомони масоҷиди ин минтақа ба зиндон маҳкум шудаанд .

Вакилони мудофеи ин афрод иттиҳоми талоши зерҳимояашон барои барандозии низоми сиёсии Тоҷикистонро беасос дониста мегӯянд, ин имом хатибон танҳо дар фикри афзоиши теъдоди пайравони хеш ва таблиғи ислом будаанд .

Мақомоти қазоии вилояти Суғд эълом кардаанд, ки аксари ин афрод донишомухтагони Донишгоҳи Алазҳари Миср ва Донишгоҳи шаҳри Мадина ҳастанд, ки ба гурӯҳи мамнуи ихвоналмуслимин пайвастаанд ва ин гурӯҳ дар паи барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон аст.

Ба далели пушти дарҳои баста баргузор шудани додгоҳи муҳокимаи ин афрод аз ҷузъиёти бештари парвандаи онон иттилое дар даст нест .

Гурӯҳи Ихвоналмуслимин дар Тоҷикистон гурӯҳи ифротӣ эълом шуда ва аз соли 2006 бар асоси ҳукми додгоҳи олии кишвар фаъолияти он мамнуъ шудааст .

Боздошти имом хатибони масҷидҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ин кишвар имомони масоҷид бо ҳукми Кумитаи давлатии умури динӣ мансуб мешаванд ва амалан мавзуи интисоби онон аз ихтиёроти ниҳодҳои ҳукуматӣ ба ҳисоб меояд.