Март 27, 2023 12:41 Asia/Dushanbe
  • Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндаи Тоҷикистон дар нахустин нишасти коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои минтақаи Аврупо, баҳри Миёназамини шарқиву шимоли Африқо, ки нимаи дувуми фарвардинмоҳи соли ҷорӣ (апрел) ба сурати маҷозӣ баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Ба гузориши “Ховар”, мақоми олирутбаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар нишасти сеҷонибаи минтақаӣ, ки дар таърихи 16 то 17 март дар шаҳри Шармушшейхи Миср баргузор шуд, дар мавриди масоили беҳдошту муҳоҷират иттилоърасонӣ кард.

Дар ин нишаст, кишварҳои узви се минтақаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мафҳуми тақвияти саломати муҳоҷирону ҳазфи паёмадҳои эҳтимолии муҳоҷират дар иртибот бо беҳдошти умумиро пазируфтанд ва мутааҳҳид шуданд, ки дар ин росто корҳои лозимро анҷом диҳанд.

Дар чорчӯби ин нишаст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудирони манотиқи Аврупо ва шарқи Медитарона дидорҳои дуҷониба дошт.

Ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақаӣ, вазири тандурустии Тоҷикистон дар ин нишаст чандин пешниҳоди муфид, аз ҷумла иртиқои сатҳи дониши мутахассисони пизишкӣ аз тариқи мушорикати мутақобили мутахассисон дар барномаҳои омӯзишии байниминтақаӣ ва эҷоди санъати дорӯсозиро ироа кард.

 

Барчасп