Дар Душанбе конфроси «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо» баргузор мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i100204-Дар_Душанбе_конфроси_Таъсири_тағйирёбии_иқлим_ба_пиряхҳо_баргузор_мешавад
Дар Душанбе зери унвони  «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 27, 2023 17:14 Asia/Dushanbe
  • Дар Душанбе конфроси «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо» баргузор мешавад

Дар Душанбе зери унвони  «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор мешавад.

Ба навиштаи сомонаи «Ховар» конфронс тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳо, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, муайян намудани роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ноил шудан ба роҳҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо дар асоси роҳандозӣ намудани эъломияи панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо бо усулҳои бунёдӣ ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмон додани платформа оид ба табодули ахбори илмӣ дар бораи вазъи пиряхҳо ва ҳамзамон кор карда баромадани тадбирҳо оид ба омӯзишу ҳифзи пиряхҳо ва ғайра муҳокима мегарданд.

Олимон усулҳои нав ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ, офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, қабати барф ва роҳҳои коҳиш додани хисороти бар асари онҳо расонидашавандаро баррасӣ мекунанд.

Мавриди тазаккур аст, ки конференсияи мазкур ҳамоиши таърихӣ ба шумор меравад, чунки он баъд аз Конфронси якуми СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 1977 дар Аргентина бори дуюм доир гардид.

Мояи ифтихор аст, ки Конференсияи сеюми ҷаҳонӣ марбут ба об соли 2028 дар Душанбе баргузор мегардад. Миллати  сулҳхоҳи тоҷик мизбони маъракаи сатҳи ҷаҳоние хоҳад гашт, ки дар он   натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҷамъбаст хоҳад гашт.