Март 27, 2023 17:47 Asia/Dushanbe
  • Мадинаи Рустам барандаи ду ҷоизаи бузурги мусобиқоти миллии Тоҷикистон шуд

Паҳлавондухтари ноҳияи Восеъ Мадинаи Рустам дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки 21- 22 март дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид, ҳамаи рақибонашро шикаст дода, соҳиби ду Шоҳҷоиза — ду мошини сабукрав шуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, Мадинаи Рустам 21 март дар мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҳорати хуб нишон дода, шаш рақибро мағлуб намуд ва соҳиби мошини сабукрав гардид.

Мадинаи Рустам бо мақсади дастгирии ятимону бепарасторон ва ғамхорӣ намудан ба ин ашхос Шоҳҷоизаи бадастовардаи худро ба  хонаи ятимони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ туҳфа кард.