Имрӯз ; тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Кувайт ба масофи ҳам мераванд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i100244-Имрӯз_тимҳои_миллии_футболи_Тоҷикистону_Кувайт_ба_масофи_ҳам_мераванд
Имрӯз, 28 март тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Кувайт бозии дӯстона баргузор мекунанд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 28, 2023 13:24 Asia/Dushanbe
  • Имрӯз ; тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Кувайт ба масофи ҳам мераванд

Имрӯз, 28 март тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Кувайт бозии дӯстона баргузор мекунанд .

Ба гузоришиХовар ” ба нақл аз Федерасиюни футболи Тоҷикистон дидори дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Кувайт дар варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Алаҳмадии шаҳри Кувайт ва аз соъати 22 : 00 ба вақти маҳаллӣ ( 23 : 59 ба вақти Душанбе ) оғоз мешавад .
Тими миллии Тоҷикистон бо ҳидояти Петр Сгирт дар остонаи бозии дӯстона бо тими миллии Кувайт тамриноти пеш аз бозиро баргузор кард .
Пеш аз ин дар сатҳи тимҳои миллӣ ин тимҳо танҳо як бор дар 6 декабри 2004 дар як бозии дӯстона ба масофи ҳам рафта буданд. Ин дидор бо натиҷаи 3 бар сифр ба нафъи тими Кувайт ба поён расид .