Март 29, 2023 11:08 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳадафи ширкат дар ҷашнҳои таътилоти ҷаҳонии Наврӯз ба Суғд сафар кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, мавриди истиқболи Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва соири мақомот қарор гирифт.

Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд – аҳли илму фарҳангу адаб, зиёиён ва ҷавонон Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну руҳияи болида ва дар фазои шукуҳманди наврӯзӣ пазироӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи якчанд иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд сафар кардааст.

 

Барчасп