Тоҷикистон мизбони конфаронси байналмилалии мероси торихии Фирдавсӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i100292
Академияи улӯми Тоҷикистон эълом кард ба мизбонии ин кишвар ва дар шаҳри Душанбе як конфаронси бузурги байналмилалӣ ба ифтихори мероси торихии Фирдавсӣ баргузор мешавад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 29, 2023 19:35 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони конфаронси байналмилалии мероси торихии  Фирдавсӣ

Академияи улӯми Тоҷикистон эълом кард ба мизбонии ин кишвар ва дар шаҳри Душанбе як конфаронси бузурги байналмилалӣ ба ифтихори мероси торихии Фирдавсӣ баргузор мешавад .

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, ба мизбонии Тоҷикистон ва бо мушорикати муассисоти барҷастаи илмии чандин кишвар дар Душанбе конфаронси бузурге ба ифтихори мироси торихии Фирдавсӣ баргузор мешавад .

Академияи улӯми Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб афзуд : Барои аввалин бор дар чунин рӯйдоде на танҳо муассисоти барҷастаи илмии кишварҳои Тоҷикистону Эрон, балки муҳаққиқон аз кишварҳои Швейтсарияву Фаронса ширкат мекунанд .

Ин конфаронс ба мавзӯъоти ҷуғрофиёии фарҳангӣ, нақди матну қавмнигорӣ бо намунаи мутуни Шоҳнома ихтисос хоҳад дошт ва имкони ошноии бештар бо сохтори сиёсиву иҷтимои ҷомеъаи Эрони бостонро фароҳам мекунад.