Душанбе мизбони ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон
Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши муштараки сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон барпо мешавад.
Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон эълом кард, дар таърихи 4 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сармоягузории ин кишвар ва вумҳурии Озарбойҷон баргузор мешавад.
Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки ҳамоиши мазкур дар таърихи 4 апрел ва дар Китобхонаи Миллии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ҷараёни ин ҳамоиш фурсатҳои сармоягузорӣ ва ҳамчунин имконоти ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистону Озарбойҷон муаррифӣ мешаванд.
Дар бахши дигари ин ҳамоиш масоили ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои саноат, энержӣ ва гардишгарӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.