Ҷорӣ шудани сел дар ноҳия Панҷи вилояти Хатлон
Дар ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шаби 4-уми апрел сели зиёд ҷорӣ шудааст.
Дар ин бора Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои аввалия, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, сохтмонҳое дар рустои Селга ва Пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддини Кабуд осеб дидаанд. Аммо бар асари селобҳои ҷоришуда, таҳхонаҳо, заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ва заминҳои кишт зери об мондааст.
Ба хотири амнияти сокинон, комиссияи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Панҷ тасмим гирифтааст, ки онҳоро муваққатан кӯч диҳад ва то кунун 15 хонаводае, ки дар наздикии селроҳа зиндагӣ мекунанд, муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Ҳамчунин, дар ноҳия комиссияи вилоятии ҳолатҳои изтирорӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид фаъолият дорад.