Дидори сафири Амрико бо вазири хориҷаи Тоҷикистон
Апрел 05, 2023 11:49 Asia/Dushanbe
Дар дидори сафири Амрико бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф баҳсу баррасӣ шуд.
Мануэл П. Микаллер, сафири Амрико дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Тайи ин дидор равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва ҳамкориҳои амниятӣ баррасӣ шуд.
Ду тараф ҳамчунин дар мавриди истифода аз фурсатҳои васеъ барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобили судманд дар чорчӯби барномаҳои Ожонси тавсеаи байналмилалии Амрико (USAID) баҳсу табодули назар карданд.
Барчасп