Сафари Алиев ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 05 Apr 2023 13:31:37 GMT )
Апрел 05, 2023 18:31 Asia/Dushanbe
  • Дидори Илҳом Алиев бо Эмомалӣ Раҳмон
    Дидори Илҳом Алиев бо Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон имрӯз ба манзури дидор бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе, пойтахти ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев, руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе ибтидо пушти дарҳои баста дидор карданд ва сипас нишасти ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор шуд.

Бар асоси ин гузориш, дар нишасти руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин таомулоти ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар шуд.

Дар поёни ин дидор чандин тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар ҳавзаҳои саноатӣ, фарҳангӣ, энержӣ, гардишгарӣ ва ҳамлунақл имзо шуд.

Бар асоси гузориши Агентии омори Тоҷикистон, мубодилоти тиҷории ин кишвар ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли гузаштаи мелодӣ ҳудуди 6.2 миллион доллар будааст.