Декабр 19, 2016 15:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳинд - сафаре дорои аҳдофи сиёсию иқтисодӣ

Мақомҳои Тоҷикистону Ҳинд дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар робита ба умури дифоӣ, мубориза бо пулшӯӣ ва ҷилавгирӣ аз таъмини молии терроризм ба тавофуқ расиданд.

Тақвияти ҳамкориҳои Душанбе ва Деҳлии Нав дар бахшҳои амниятӣ, энергетикӣ ва умури дифоӣ муҳимтарин аҳдофи шашумин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳинд будааст. Нарендро Моди, нахуствазири Ҳинд пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Деҳлии Нав ба иродаи ду тараф барои густариши равобит ва ҳамкориҳои ду кишвар таъкид кард. Нахуствазири Ҳинд бо баёни ин ки сояи таҳдид, хушунат ва терроризм дар тамоми минтақа густурда шудааст, афзуд, ҳамкории Ҳинду Тоҷикистон дар заминаи терроризм аз аҳамияти зиёде дар равобити ду кишвар бархурдор аст. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ гуфт: “Терроризм рушди кишварҳои ҷаҳонро бо хатар рӯ ба рӯ кардааст”.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Деҳлии Нав, ки дар дувумин марҳалаи сафари давраии раисҷумҳури Тоҷикистон ба шибҳиҷазираи Ҳинд анҷом шуд, посухи Душанбе ба сафари соли 2015-и нахуствазири Ҳинд ба Тоҷикистон аст. Анҷоми ин сафар барои ҳарду кишвар, Тоҷикистон ва Ҳинд дорои аҳамият аст. Душанбе дар пайи ҷалби сармоягузорҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст ва Деҳлии Нав талош мекунад, аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати манофеи дарозмуддати Ҳинд баҳрабардорӣ кунад. Шакке нест, ки раҳбарони Душанбе ва Деҳлии Нав дарки мутақобил аз аҳдофи якдигар доранд. Дар айни ҳол ҳузури низомӣ ва иқтисодии Ҳинд дар ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ, ки бо нигарониҳои Покистону Чин пайгирӣ мешавад, ҳассосиятҳои Русияро ҳамроҳ нахоҳад дошт, ба ҳамин далел бо истиқболи мақомҳои Тоҷикистон мувоҷеҳ аст.

Бо вуҷуди ҳамкориҳои Душанбе ва Деҳлии Нав дар соҳаҳои гуногун муруре бар ҳамкориҳои ду кишвар тайи наздик ба 15 соли гузашта нишон медиҳад, ки Ҳинд ба ҳамкорӣ ва ҳузури низомӣ дар Тоҷикистон низ тамоил дорад. Соли 2007 Ҳинд бо сарфи 27 миллион доллар дар муҷаҳҳаз кардани фурудгоҳи низомии “Айнӣ” дар наздикии пойтахти Тоҷикистон, ҳамчунин дар сохтани бемористони низомии дорои 50 тахти хоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон мушорикат кард. Ин бемористон моҳи октябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин ҳамкориҳо нишон медиҳад, сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳинд сафарест дорои аҳдофи иқтисодӣ ва амниятӣ.