Апрел 08, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи тавлиди хишт дар ноҳияи Масчоҳ шурӯъ ба кор мекунад

Ҳамзамон бо ҷашнҳои сиюпанҷумин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи тавлиди хишт дар ноҳияи Масчоҳ пас аз бозсозӣ шурӯъ ба кор мекунад .

Ба гузориши Ховар, ин ширкат дар авохири даҳаи 80 қарни гузашта шурӯъ ба кор кард, аммо бо зарфияти кам хишт тавлид мекард .
Дар ҳоли ҳозир амалиёти навсозӣ ва мариммат дар қисмати кӯраи ин корхона дар ҳоли анҷом аст ва ба маҳзи шурӯъ ба кор барои беш аз 50 нафар шуғли собиту маоши муносиб фароҳам мешавад.
Пас аз оғози кор ин дуюмину бузургтарин корхонаи тавлиди хишт дар ноҳияи Масчоҳ бо зарфияти тавлиди солонаи тақрибан 20 миллион хишт дар сол хоҳад буд .
Барои чунин зарфияти бузурги тавлид мудирияти ин ширкат таҷҳизоти наверо аз Ҷумҳурии халқи Чин харидорӣ кардааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп