Декабр 19, 2016 18:45 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Ҳинд барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Ширкатҳои бузурги санъатии Ҳинд барои сармоягузорӣ дар арсаи энержӣ дар Тоҷикистон эъломи омодагӣ кардаанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчуби сафари хеш ба Ҳинд рузҳои 14 то 18 декбари сол ҷорӣ, ин мавзуро дар мулоқот бо раҳбарияти ширкати "Ҳудай групп Индастрис" матраҳ кардааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии РҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Сиривас Ҳудай мавзуи бунёди неругоҳҳоии “Нуробод-1”, “Нуробод-2” ва “Фондарё” дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ дар ин дидор ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон муштарак бо мутахассисони ширкати “Ҳудайз групп Индастрис” тарҳи бунёди ин  нерӯгоҳҳоро омухта, аз натоиҷаш ба давлати Душанбе гузориш хоҳанд дод.

Дафтари матбуотии РҶТ тавзеҳоти бештари дар ин бора нашр накарда ва танҳо афзудааст, ки зарфияти нерӯгоҳи обии “Нуробод - 1” - 400 МВт, “Нуробод - 2” - 520 МВт ва “Фондарё” - 135 МВт - ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар чанд соли гузашта давлати Ҳинд барои бозсозӣ ва таҷдиди неругоҳи обии Варзоб-1 ба Тоҷикистон 23 миллион доллар кумаки молӣ ихтисос дода буд.

Бояд гуфт, ки сафари давлатии РҶТ ба Ҳинд  рузҳои 14 то 18 декбар анҷом шуда, дар ин муддат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои Ҳиндиаш  Пранаб Мукерҷи, муовини раиси ҷумҳур Ҳамид Ансорӣ ва нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ  дидору мулоқот анҷом додааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносони тоҷик  давлати Ҳинд талош дорад дар канори ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ҳамчунин равобити низомӣ ва амниятиро низ бо кишварҳои ОМ густариш диҳад.

​Гутфанист  сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳинд дар ҳоле сурат гирифт, ки нахуствазири ин кишвар Нарендра Модӣ дар моҳи июни соли 2015 аз Душанбе боздид намуда буд.

Нарендра Модӣ он замон аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ", ки бо  70 миллион доллар сармояи Ҳинд бозсозӣ ва таҷҳиз шудааст, боздид кард.

Ҳамчунин Ҳинд дар Тоҷикистон як бемористони низомиро барои 50 кат дар ҳудуди як қисми низомии Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бунёд кардааст.

Бар асоси омори расмӣ Ҳинд дар тули солҳои  2007–2014 ба иқтисоди Тоҷикистон  ба маблағи 25 миллион доллар сармоягузорӣ карда, заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишвар беш аз 50 санади дуҷонибаро дар бар мегирад.