Таътилии муваққати дафтари хабаргузории "Авесто"
Масъулони хабаргузории “Авесто” аз таътилии муваққати дафтари ин хабаргузорӣ хабар додаанд.
Ба гузориши Toptj, масъулони хабаргузории “Авесто” эълом кардаанд, ки дар пайи фурӯрехтани балкони бинои нашриёти “Шарқи озод” рӯи боми дафтари хабаргузории “Авесто”, кор дар ин хабаргузорӣ ба таври муваққат таътил шудааст.
Ин ҳодиса соати 23 шаби 18-уми декабр рух дод ва ба ҳамин далел талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Масъулони Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” ваъда додаанд, ки то замони таъмири дафтари ин хабаргузорӣ, утоқи дигаре дар ихтиёри онҳо қарор хоҳад дод.
Яке аз масъулони Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” гуфтааст, ки бинои 30 солаи сохтмони ин хабаргузорӣ, то кунун таъмири асосӣ нашуда ва давлати Тоҷикистон ба дархости мудири собиқи ин Муҷтамаъ барои ихтисоси 2 миллион сомонӣ ва бозсозии он посух рад додааст.
Хабаргузории “Авесто” аз моҳи марти соли 2004 дар фазои иттилоотии Тоҷикистон оғоз ба кор кардааст ва ҳамакнун бо 7 нафар корманд фаъолият мекунад.
Бунёнгузори ин хабаргузорӣ-Зафар Абдуллоев аст.