Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон
(last modified Sat, 15 Apr 2023 06:09:55 GMT )
Апрел 15, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Эрон бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд.

Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо Амирабдуллоҳиён дар Самарқанд бар алоқамандии давлаташ барои густариш ва афзоиши ҳамкориҳои байни якдигар таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддин Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи чаҳорумин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дидор ва дар бораи мавзӯъоти дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа гуфтугу кард.
Амирабдуллоҳиён дар ин дидор баргузории понздаҳумин даври Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар соли гузаштаро омиле барои тавсеаву тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи равобити дуҷонибаи баршумурд ва аз ҳамкориҳои байниякдигарӣ дар ҳавзаи созмонҳои байналмиллалӣ қадрдонӣ кард.
Сироҷиддин Муҳриддин-вазири хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин дидор бо табрики моҳи мубораки Рамазон ва иди Наврӯз аз тавофуқи Ҷумҳурии исломии Эрону Арабистон барои аз саргирии равобит ибрози хурсандӣ кард .
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин зимни мурури ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф бар алоқамандии давлаташ барои густаришу афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.