Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо раисони пулиси ноҳияи Рашт дидор кард
(last modified Sat, 15 Apr 2023 10:34:13 GMT )
Апрел 15, 2023 15:34 Asia/Dushanbe
  • Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо раисони пулиси ноҳияи Рашт дидор кард

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз пулиси Тоҷикистон хост аз ҳуқуқи шаҳрвандон муҳофизат кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рамазон Раҳимзода дар нишасти амалиётӣ - хадамотии натоиҷи фаъолиятҳои Раёсати умури дохилии ноҳияи Рашт ба низомиён дар шарқи Тоҷикистон дастур дод, ки бо мардум муадаб бошанд ва аз ҳуқуқи онҳо муҳофизат кунанд. Раҳимзода иртиботи наздики пулис бо мардумро муҳим хонд.

Вазири умури дохила ба манзури риояти сиёнат аз ҳуқуқи башар ва шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонӯн, ҷилавгирӣ аз эъмоли хилофи қонун ва ҳусни равобит ва иртибот бо мардум дастӯроте дод.

Вай таъмини амният ва назми умумӣ, амнияти шаҳрвандонро барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба аҳзобу ҷумбишҳои террористӣ ва ифротӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеъаро муҳим хонд. Дар ин дидор раиси пулиси ноҳияи Рашт ва муовинон ҳузур доштанд.