Апрел 15, 2023 17:10 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими гиромидошти рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Тоҷикистон

Маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамзамон бо охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, маросими рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ҳузури густардаи шахсиятҳои сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷик, сафирон ва дипломатҳои муқим ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, ҷиноёти сӯратгирифта алайҳи миллати Фаластин, нақзи ошкору ҷиддии муқаррароти ҳуқуқи байналмилал, ҳуқуқи башар ва ҳамчунин мафоди Маншури милали муттаҳид ва мусавваботи созмон милал будааст ва то замоне, ки ба решаҳои ин буҳрон ва ҳуқуқи асосии мардуми Фаластин таваҷҷуҳ нашавад, имкони ҳаллу фасли ин буҳрон вуҷӯд надорад.

Собирӣ тасреҳ кард, ба эътиқоди Ҷумҳурии исломии Эрон бозгашти оворагони фаластинӣ ба сарзамини аслии худу баргузории ҳамапурсӣ дар миёни мардумони асили ин сарзамин барои таъйини сарнавишту навъи низоми сиёсии мавриди назар, муассиртарин роҳкор барои ҳалли ин муноқиша аст.

Дар бахши дигаре аз ин маросим Луай Исса, сафири Фаластин дар Тоҷикистон дар суханоне аз Ҷумҳурии исломии Эрон барои ибтикори эъломи рӯзи ҷаҳонии Қудс қадрдонӣ кард ва гуфт, мардуми Фаластин ба ояндаи нек ба чашми умед менигарад ва муборизаи худро бо ҳимояти бародарони мусулмон ва кишварҳои дӯст идома медиҳад ва бо кумаку мусоидати Худованд, Фаластин ба озодӣ ва истиқлоли худ даст хоҳад ёфт.