Апрел 15, 2023 17:12 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Душанбе ва Пекин барои сохти бузургроҳҳои Тоҷикистон

Дар дидори мақомоти аршади Чину Тоҷикистон бар тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи транзит, аз ҷумла сохт бузургроҳҳо дар кишвар баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҳайати Шинҷону Ӯйғури Чин, ки ба раёсати Ясинҷон Яхеп, шаҳрдори Қошғар вориди Душанбе шудааст, дидору тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл ва луҷистик ва ҳамчунин сохти бузургроҳи «Душанбе – Кулма»-ро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор хотирнишон шуд, ки бо ҳимояти Чин дар соли 2022 иҷрои пружаи бахшҳое аз бахши аслии марҳалаи дувуми пружаи бузургроҳи «Душанбе – Кулма» оғоз шуд. Ин пружа шомили 93 километр роҳ, 2 туннел ба таври 5.2 километр , 5 кридори ҳамлу нақл ва созаҳои дигар аст.

Дар айни замон ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли бор бо Чин, бахусус тавассути нуқтаи гузаришу назоратии «Кулма-Қаросу» дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ҳаҷми интиқоли борҳо тавассути ин нуқта ду баробар афзудааст.и

Илова бар ин, шаҳрдори Қошғар Ясинҷон Яхеп намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро барои иштирок дар ярмаркаи тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки 21-25 июни соли равон бори 13-ум дар Қошғар баргузор мешавад, даъват намуд.