Апрел 19, 2023 10:09 Asia/Dushanbe
  • Обрасонӣ ба 160 ҳазор гектар аз заминҳои кишоварзии вилояти Суғд

Обёрии 160 ҳазор гектор аз заминҳои кишоварзии минтақаи Суғд аз тариқи пойгоҳҳои обкашӣ анҷом мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба манзур баҳрабардории муназзам аз тариқи пойгоҳҳои обкашӣ, ҳарсола бо эътибороти давлати кишвар ва дастгоҳи иҷроии нерӯи давлатии минтақа, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ҷадиди обкашӣ, харидорӣ ва насб мешавад.

Бо иҷрои чунин иқдомоте, кори шабакаҳои обрасонӣ беҳбуд меёбаду камбуди оби солим бартараф мешавад.

Бавижа имсол ҳудӯди 12 миллион сомонӣ аз буҷети минтақа барои хариди дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ҷадиди пойгоҳҳои обкашӣ  ва таъсисоти обрасонӣ ихтисос ёфтааст.

Ҳамчунин иқдомоти лозим барои беҳбуди шароити эҳёи заминҳо дар минтақаи Суғд дар ҳоли анҷом аст. Бавижа дар ин фасл вазъияти ислоҳи 1437 гектор аз заминҳои кишоварзӣ беҳбуд ёфта, ки 27 дарсад аз барномаи пешбанӣ шудаи солона аст.

 

Барчасп