Декабр 20, 2016 12:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши эътимоди русҳо ба Эмомалӣ Раҳмон

Як маркази мутолеоти русӣ аз афзоиши эътимоди русҳо ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гузориши сайти маркази русии Мутолеоти афкори ҷамъӣ, 4 дарсади русҳо ба Эмомалӣ Раҳмон эътимод доранд ва ин дар ҳоле аст, ки моҳи декабри соли гузашта мизони эътимоди русҳо ба Эмомалӣ Раҳмон як дарсад будааст.

Бо вуҷуди ин афзоиш, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунон дар пойинтарин радаҳои эътимоди мардуми Русия қарор дорад.

Бар асоси баёнияи Маркази умумии мутолеоти афкори ҷамъии Русия, 65 дарсади шаҳрвандони рус ба Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус эътимод доранд, ки дар миёни ҳамаи сарони кишварҳои пасошӯравӣ бештарин шохиси эътимод аст.

Бар асоси ин гузориш, 54 дарсади русҳо ба Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, 11 дарсад ба Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, 8 дарсад ба Серж Саргисиян, раиси ҷумҳурии Арманистон ва 6 дарсад ба Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон эътимод доранд.

Ин дар ҳолест, ки мардуми Русия илова бар раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба руасои ҷумҳурии Қирғизистон ва Молдова, Туркманистон ва Гурҷистон камтарин эътимодро доранд.

Дар ин миён, Петр Порошенко, раиси ҷумҳурии Украина бо касби ду дарсад эътимоди мардуми Русия, бадтарин вазъиятро дар миёни ҳамтоёнаш дар кишварҳои минтақа дорад.

 

Барчасп