Апрел 19, 2023 20:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистону Русия
    Ҳамкории Тоҷикистону Русия

Соҳибкорону туҷҷори вилояти Орлови Русия ҳадафи сафар ба Тоҷикистонро доранд.

Ба гузориши «Спутник», дар сафари тоҷирони вилояти Орлови Русия ба Тоҷикистон масоили ворид шудан ба бозори ин ҷумҳурӣ ва ба роҳ мондани робита бо соҳибкорони тоҷик баррасӣ хоҳал шуд.

Намояндаи чаҳор корхонаи бузурги вилояти Орлови Русия ба Душанбе меоянд. Светлана Ковалева, раиси Утоқи бозаргониии вилояти Орлови Русия дар гуфтугӯ бо намояндаи тиҷории ин кишвар дар Тоҷикистон Евгений Коренков хабар додааст.

Ба гуфтаи хонум Ковалева як ҳайати бузурги соҳибкорони вилоят рӯзи 22 апрел вориди пойтахти Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Раиси Утоқи бозаргониии вилояти Орлови Русия изҳори умедворӣ кард, ки сафари онҳо ба Тоҷикистон ормонҳои соҳибкорони вилоятро амалӣ хоҳад сохт. “Умедворам, ки дар ҷараёни ин сафар корҳои мушаххасе анҷом дода мешаванд, ки баъдан ба шартномаҳо ва рақамҳои мушаххас табдил меёбанд ва молҳо ба ду самт мераванд, гуфт хонум Ковалева.

Вай илова кард, ки утоқи бозаргонии вилояти Орлови Русия барои ин аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи худ истифода хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Утоқи бозаргонии вилояти Орлов қайд карданд, ки соҳибкорони вилоят ҳавасманди воридшавӣ ба бозори Тоҷикистон ҳастанд, аммо ин бозор ба соҳибкорони ин вилоят чандон ошно нест.

Ба ҳамин хотир соҳибкорони ин вилояти Русия ният доранд аз Тоҷикистон боздид кунанд ва аз наздик аз бозори кишвар ошно шаванд.

 

Барчасп