Сармозадагии боғҳои ангури ноҳияи Ҳисор
Сармозадагӣ 80 дарсад аз маҳсули ангури токистонҳои ноҳияи Ҳисорро аз байн бурд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, ба гуфтаи кишоварзони Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав беш аз 80 дарсад маҳсул дар токистонҳои онҳо аз байн рафтааст ва эҳёи боғҳои ангур се то чаҳор сол тул мекашад.
Ба гуфтаи кишоварзон ба ҳамин далел. мизони бардошти имсол 10 то 15 дарсад камтар аз соли қабл аст.
Соли гузашта, 278 ҳазор тон ангур аз боғҳои Тоҷикистон бардошт шуд ва бар асоси ин шохис, Тоҷикистон пас аз Узбекистон ва Туркманистон дар рутбаи саввуми Осиёи Марказӣ қарор гирифт.
Бар асоси пешбинии Вазорати зироъати Тоҷикистон имсол ҳудуди 120 то 125 ҳазор тон ангур дар минтақаи Хатлон, 60 то 65 ҳазор тон дар минтақаи Суғд ва ҳудуди 100 ҳазор тон дар Ҳисор бардошт мешавад.
Бузургтарин токистонҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Истаравшан, Ҳисор ва навоҳии Бобоҷон Ғаффуров ва Данғара қарор дорад.