Апрел 22, 2023 09:13 Asia/Dushanbe
  •  Фурӯши ҳавопаймои раёсати ҷумҳурии Мексика ба Тоҷикистон

Давлати Мексика эълом кард, ки ҳавопаймое аз ин кишвар ба Тоҷикистон фурӯхта шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ориё, Эммануэль Лопес Обрадор-раиси ҷумҳури Мексика дар тветте эълом кард, ки қимати тавофуқшуда барои фурӯши ин ҳавопаймо,ки як Боинги 787 аст, ҳудуди 1.66 миллиард песо ё ҳудуди 92 миллион доллар аст .
Раиси ҷумҳури Мексика  дар видеое ҳамроҳ бо тветт гуфт ин фурӯш нишон медиҳад, ки чи гуна сиёсати Мексика бо раҳбарии ӯ тағйир кардааст .
Ӯ афзуд : « Барои ҳама муҳим аст ки бидонанд мардум қаблан чи гуна фикр мекарданду мақомот чи гуна амал мекарданд . » Ҷузъиёти бештар дар мавриди фурӯши ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон дар оянда фош хоҳад шуд, аз ҷумла ончи раиси ҷумҳӯри Мексика онро хароҷоти газофи нигаҳдории ҳавопаймо тавсиф кард.

 

Барчасп