Чиниҳо ба дунболи тавсеаи зерсохтҳои гардшигарии шаҳри Душанбе
Дар дидори намояндагони Чину Тоҷикистон, сохту истифода аз зерсохтҳои гардишгарии шаҳри Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ба гузориши сомонаи Ховар, тарроҳӣ ва сабки сохти меҳмонхонаҳои модерн, кайфияти корҳои сохтумонӣ ва истифода аз маҳсӯлоти бокайфият дар сохти онҳо ва соири мавориди марбут ба сохту истифода аз зерсохтҳои гардишгарӣ. аз ҷумлаи мавориде буд, ки дар дидори Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати идораи минтақаии Қошғари минтақаи Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии халқии Чин ва намояндагони ширкатҳои саноатии он ба раёсати Лю Тсинтсюан, мудири ширкати «Xinjiang Luqiao Nanjiang Engincering Construction Co, Ltd» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин дидор мавзуоти эҷоди ҳамкориҳои тиҷорӣ - иқтисодӣ аз ҷумла дар заминаи эҳдоси зерсохтҳои гардишгарӣ бавижа меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Тарафайн дар мавриди мавзуоти тарроҳӣ ва сабки сохти меҳмонхонаҳои модерн бар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрав дар ин замина таваҷҷуҳи вижа зоҳир карданд.