Декабр 20, 2016 17:20 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон террори Карловро маҳкум кард

Тоҷикистон куштори сафири Русия дар Туркияро маҳкум кард.

Ба иттилои сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба ҳамтои русии худ Сергей Лавров номае ирсол намуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон фоҷиаи дар шаҳри Анкара рухдодаро сахт маҳкум менамояд. Дар ин нома гуфта мешавад: Қатли сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов амали ғайриинсонӣ буда, ба вайрон намудани тамоми меъёр ва қоидаҳои тартиботи ҷаҳони мутамаддин равона гардидааст.

Дар ин нома таъкид гардидааст, ки ин амали ваҳшиёна бевосита ба мушкилоти умумиинсонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм вобастагӣ дошта, дар мубориза бар зидди он Тоҷикистон ва Русия мавқеи ягона доранд. Ҳамкории ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бар зидди чунин чолишҳо, дар муносибатҳои дуҷониба мақоми афзалиятнок доранд. Зикр гардид, ки дар оянда низ ҷиҳати таҳкими талошҳои муштарак дар сатҳи дуҷонибаву бисёрҷониба тамоми тадбирҳои имконпазир андешида мешаванд.

Дар охири нома Сироҷиддин Аслов изҳори ҳамдардии амиқи худро ба аҳли хонавода ва наздикони дипломат, ки то охирин лаҳзаи ҳаёташ дар хизмати халқу кишвараш буд, иброз дошт.