Апрел 27, 2023 10:35 Asia/Dushanbe
  • Баррасии эҷоди Маркази мубориза бо маводи мухаддири Шанхай дар шаҳри «Душанбе»
    Баррасии эҷоди Маркази мубориза бо маводи мухаддири Шанхай дар шаҳри «Душанбе»

Нишастҳои ройзани барои эҷоди мубориза бо маводи мухаддири Созмони Ҳамкории Шанхай ба мизбонии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ин раводид идомаи тадобир дар ҷиҳати иҷроии тасмими Шӯрои сарони кишвраҳои узви Созмони Ҳамикории Шанхай дар мавриди беҳбӯди меконизмҳои муқовимат дар баробари таҳдидҳо ва хатарот ба амнияти кишвраҳои узаи ин Созмон аст, ки 17 сентябри 2021, дар поёни нишасти сарони Шанхай  дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расида буд.

Дар ин ройзани намояндагони  аршад ва коршиносони Вазоратхонаҳо ва идораи марбут ба кишвраҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумла Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ва раёсати дабирхонаии ин Созмон ширкат карданд.

Намояндагони Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Ҷумҳӯрии Беларусия ба унвони нозир ба ин маросим даъват шуданд.

Ширкаткунандагони ин ройзанӣ ба сурати амиқ дар мавриди раванди иҷроии ибтиекори раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон дар хусуси эҷоди Маркази мубориза бо маводи мухаддири Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баҳсу табодули назар карданд.

Ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда ҳамчунин аз Ожонси мубориза бо маводи мухаддири вобаста ба раёсат Ҷумҳӯрии Тоҷикистон боздид карданд.