Дар 3 моҳи имсол 20 маркази иқтисоди дар Хуҷанд ифтитоҳ шуд
(last modified Mon, 01 May 2023 13:04:59 GMT )
Май 01, 2023 18:04 Asia/Dushanbe
  • Дар 3 моҳи имсол 20 маркази иқтисоди дар Хуҷанд ифтитоҳ шуд
    Дар 3 моҳи имсол 20 маркази иқтисоди дар Хуҷанд ифтитоҳ шуд

Муовини шаҳрдории Хуҷанд гуфт: Аз оғози имсол то кунун 20 маркази иқтисоди роҳандози шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Бахтиёр Боқизода муовини ободонии шаҳрдори Хуҷанд дар нишасти рушди саноат, иқтисод ва таъсисоти шаҳр гуфт: Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 20 маркази тавлиди кучак ва миёнаи ҷадид ва муҷаҳаз ба таҷҳизоти ҷадид ифтитоҳ шуд.

Вай афзуд: Маҷмуъи марказҳои саноатии шаҳристонҳо ба 228 воҳид расида аст ва барои 134 нафар низ бо роҳандозии марказҳои иқтисодии ҷадид шуғл эҷод шуд.

Вай дар ҳоли ҳозир таъкид кард: 92 маркази кучак ва бузург бо арзиши 172 миллиону 200 ҳазор сомонӣ коло тавлид карданд, ки ҳудуди 8.1 миллион сомонӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл бештар аст.

Бахтиёр Боқизода зикр кард маҳсулоти саноатии тавлидшуда ба 17 кишвар содир мешавад вай ҳамчунин хотирнишон кард беш аз 20.1 миллион сомонӣ сармоягузории дохили ва хориҷӣ барои навсозии фановари ва таҷҳиз марказҳои саноати низ ҷазб шуда аст.