Дидори сафири Тоҷикистон дар Эрон бо мудирони устондории Ардабил
Тоҷикистон ва Эрон масъалаи рушди ҳамкори дар заминаи гардишгариро барраси карданд.
Намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар барномаҳои фарҳангӣ барои эъломи шаҳри Ардабил ба унвони пойтахти гардишгарии минтақаи созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соли 2023 ширкат карданд.
Дар ҳошияи ин руйдод намояндагони дипломотики Тоҷикисон бо вазири фарҳанг, гардишгари ва саноати дастии Эрон, устондори Ардабил ва шаҳрдори Ардабил мулоқот карданд.
Дар ин дидорҳо масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо дар заминаи гардишгари байни Тоҷикистон ва Эрон баҳсу барраси шуд.
Тарафайн бо таъкид бар аҳамияти иштирокоти таърихӣ ва фарҳангӣ ва забони муштараки Тоҷикистон ва Эрон, эҷоди ҳамкориҳои байни ниҳодҳо ва ҷомеъаҳои гардишгарии ду ҷумҳури бо ҳадаф ошноии бештар бо фурсатҳои гардишгари якдигарро муҳим арзёби карданд.