Май 03, 2023 10:36 Asia/Dushanbe
  • Интихоби дубораи Рустами Эмомалӣ ба раёсати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ

Рустами Эмомалӣ бори дигар раиси Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дубора ба муддати чаҳор соли нав президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб шуд.

Рустами Эмомалӣ пас аз дубора интихоб шуданаш ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба роҳбарони федератсияҳои футболи аъзои CAFA барои боварӣ изҳори сипос карда, зикр намуд, ки бо саъю кӯшиши якҷоя рушди футбол дар минтақа идома хоҳад ёфт.

Дар нишасти CAFA, Арслан Айназаров, раиси Федерасиюни футболи Туркманистон ва Муҳммадюсуфи Коргар, раиси Федерасиюни футболи Афғонистон ба унвони ноибраиси CAFA интихоб шуданд.

Ҳидояти Муъминӣ, дабири кулли Федерасиюни футболи Эрон узви Кумитаи иҷроии ҷадиди CAFA шуд ва остонбек Конокбоев, ноиби раиси Иттиҳоди футболи Қирғизистон аз Иттиҳоди футболи Осиёи Марказӣ ба узвияти кумитаи иҷроии Конфедератсияи футболи Осиё даромад.

 

Барчасп