Май 05, 2023 20:19 Asia/Dushanbe
  • Далери Имомалӣ
    Далери Имомалӣ

Бастагони Далери Имомалӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аз баррасӣ нашудани шикоят ба раъйи додгоҳ нигарон ҳастанд.

Ба нақл аз “Азия плюс”, пас аз гузашти беш аз 4 моҳ дархости назоратии Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик дар мавриди баррасии парвандаи вай дар додгоҳи шаҳри Душанбе, расидагӣ нашудааст.

Онҳо гуфтанд, ки 10 рӯз пас аз судури ҳукми додгоҳи минтақаи Шоҳмансур (таҷдиди назар) дар робита бо баррасии ҳукми Далери Имомалӣ, дархости таҷдиди назар дар ин ҳукмро ба додгоҳи дигаре - нозир ироа карданд. Аммо пас аз гузашти 4 моҳ ҳеҷ натиҷае надоштааст.

Яке аз наздикони Далери Имомалӣ дар гуфт: "Дар ин муддат вакили Далери Имомалӣ ду бор аз додгоҳ пурсид, ки натиҷаи расидагӣ ба дархости мо чӣ будааст ва ҳар ду бор посух яксон буд: баррасӣ мекунем. Рӯзи дақиқро намегӯянд".

Аммо дар мулоқот Далери Имомалӣ дар зиндон гуфта буд, аз наҳваи нигаҳдорӣ ва шароити зиндон шикояте надорад.

Далери Имомалӣ ба адолат дар сутуҳи олии додгоҳ эътиқод дорад ва умедвор аст, ки сутуҳи болотар бегуноҳии ӯро ба расмият бишносанд.

Далери Имомалӣ яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик аст, ки дар 17 октябри соли гузашта аз сӯи додгоҳи минтақаи Шоҳмансур ба 10 соли зиндон ва 12 ҳазор сомонӣ ҷаримаи нақдӣ маҳкум шуд. Додгоҳ ин рӯзноманигорро ба тиҷорати ғайриқонунӣ, интишори ахбори нодуруст ва узвият дар созмони мамнуа дар Тоҷикистон муҷрим шинохт.