Май 06, 2023 19:00 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои 1650 доллар ба куҳнасарбозони Ҷанги ҷаҳонии дуввум дар Тоҷикистон

Ба дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ба 37 куҳнасарбози боқимондаи Ҷанги ҷаҳонии дуввуми ин кишвар подоши нақдӣ ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ (1650 доллар), эъто шуд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба куҳнасарбозони Ҷанги ҷаҳонии дуввуми ин кишвар 18 ҳазор сомонӣ эъто шуд.

Илова бар ин, ба дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон бо ҳадафи ташвиқи куҳнасарбозони Ҷанги ҷаҳонии дувум, коргарони дохилӣ, ширкаткунандагони ҷанги Афғонистону сониҳа дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил ва сокини шаҳри Душанбе ба муносибати 78-умни солгарди пирӯзӣ аз буҷети шаҳрдорӣ кумаки молӣ ироа шуд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 6 куҳнасарбози Ҷанги ҷаҳонии дувум дар 4 минтақаи шаҳри Душанбе, зиндагӣ мекунанду ҳамаи онҳо 6 ҳазорсомонӣ (550 доллар) аз тараф шаҳрдор дарёфт карданд.

Куҳнасарбозони пойтахти Тоҷикистон ҳамчунин 3 ҳазор сомонӣ (беш аз 275 доллар) аз тарафи раисони манотиқи маҳали зиндагии худ дарёфт карданд.

Бар асоси гузориши дафтари устондории Суғди Тоҷикистон, кумакҳои мушобиҳе ҳамчунин ба куҳнасарбозони сокин дар шимоли ин кишвар ироа шудааст.

Бад-ин тартиб, 11 куҳнасарбозу маълули Ҷанги ҷаҳонии дувум ҳар кадом 7 ҳазор сомонӣ дарёфт карданд. 92 нафар, ки дар пушти хатти муқаддами ҷабҳа кор мекарданд, ҳар кадом 4 ҳазор сомонӣ дарёфт карданд.

Маблағи куллии тахсис шуда барои ин аҳдоф 445 ҳазор сомонӣ (40 ҳазору 751 доллар)-ро ташкил додааст.

Бинобари гузоришоти қаблӣ пиртарин куҳнасарбози Ҷанги ҷаҳонии дувум Рашид Каримов, мутаваллиди 9 майи 1912, сокини рӯстои Шоҳмабрии минтақаи Ҳисори Тоҷикистон аст, ки дар ҳоли ҳозир 111 сол дорад.

14 нафар аз куҳнасарбозони боқимондаи Ҷанги ҷаҳонии дувум дар устони Хатлон, 11 нафар устони Суғд ва 6 тани дигар дар шаҳри Душанбе ва манотиқи атрофи он ба сар мебаранд.

Гуфтанист, ки ҳудӯди 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги ҷаҳонии дувум ҷангиданд, ки аз ин теъдод 92 ҳазор нафар кушта ё мафқуд шуданд.

Ба 65 нафар аз онҳо унвони қаҳрамони Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ, ба 15 нафар нишони ифтихор, ба 55 ҳазор нафари дигар ҷавоиз ва медал эъто шуд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар 9 май ва 22 июн аз қаҳрамонони Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки дар соли 1941 дар ҷабҳа ҳузур доштанд, тақдир мешавад.