Мулоқоти мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон
Мақомоти Тоҷикистон ва Ҳинд дар мавриди рушди равобити чанҷонибаи судманд гуфтугу карданд.
Дар шаҳри Панаҷи Ҳиндустон дар ҳошияи нишасти шурои вазирони хориҷаи кишварҳои узви Сомони Ҳамкории Шанхай вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд, Сироҷиддин Муҳриддин ва Субраҳманиям Ҷайшанкар бо ҳам мулоқот ва гуфтугу карданд.
Дар ин гуфтугу вазъияти кунуни ва чашмандози рушди равобити чанҷониба байни Тоҷикистон ва Ҳинд баҳсу барраси шуд.
Тарафайн тамоёли худро барои тақвияти бештари ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо ба вижа дар эҳёи абзорҳои абзорҳои ҳамкори аз ҷумла ройзаниҳои сиёсӣ ва консулӣ, комисяҳои муштараки байнидавлати дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фанни, ҳамкори дар бахши амниятӣ, энержӣ, саноат, кишоварзӣ, муроқибатҳои беҳдошти ва омузиш иброз карданд.