Тарози манфии савдои хориҷӣ дар Тоҷикистон
Тарози савдои хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол манфӣ ва ба нафъи воридот будааст.
Ба иттилои Азия-Плюс, давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон аз Тоҷикистон ба Туркия ба маблағи 173 миллион доллар ва ба Қазоқистон ба маблағи 168 миллион доллар маҳсулот содирот шуда, ҳаҷми умумии маблағи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар ин давра 809 миллион долларро ташкил додааст.
Кишварҳои асосии воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон Русия ва Чин мебошанд. Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 900 миллион доллар ва аз Чин ба маблағи 781 миллион доллар маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми умумии маблағи маҳсулоти воридшуда дар ин давра беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Тӯли 11 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 3,5 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 8,3 дарсад ё худи 322 миллион доллар камтар аст. Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва зиёда аз 1,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Аз оғози сол Тоҷикистон бо 109 кишвари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Чин маҳсуб ёфта, тайи 11 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия 948 миллион доллар ва Тоҷикистону Чин 822 миллион долларро ташкил додааст.
Кишварҳои қабулкунандаи молу маҳсулоти Тоҷикистон асосан Туркия ва Қазоқистон маҳсуб ёфта, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 40 дарсадаш ба ин кишварҳо рост меояд.