Ҳамкории илмӣ, омӯзиши ва рушди гардишгарӣ байни Тоҷикистон ва Русия
(last modified Mon, 08 May 2023 06:19:18 GMT )
Май 08, 2023 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории илмӣ, омӯзиши ва рушди гардишгарӣ байни Тоҷикистон ва Русия
    Ҳамкории илмӣ, омӯзиши ва рушди гардишгарӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Дар Душанбе мавзӯъоти ҳамкории илмӣ ва омӯзишӣ ва рушди гардишгарии байни Тоҷикистон ва Русия баҳсу баррасӣ шуд.

Ба гузориши Ховар, масоъили рушди дуҷонибаи судманд байни Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ва  Федеретсияи Русия дар заминаи омӯзиш ва рушди гардишгарӣ дар дидори Насибахони Содиқӣ, раиси Кумитаи илм, омӯзиш, фарҳангу сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Олии Ҷумҳӯрии  Тоҷикистон ва Наталья   Костенко, муовини Кумитаи давлатии Федератсия  Расия дар умури туризм ва рушди зерсохтҳои гардишгарӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Тарафайн бар тамоили ҷиддии худ барои густариши бештари равобити дӯстона ва ҳамкорҳои судманд дар заминаҳои гардишгарӣ ва қонунгузорӣ таъкид карданд. Гуфта шуд, ки равобити дуҷониба ва чандҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар заминаҳои илмӣ ва омӯзишӣ, фарҳангӣ, гардишгарӣ ва муҳоҷират ба таври мудовом дар ҳоли рушд аст.