Тафсир. Пештозии занони эронӣ дар сабти ихтироот
(last modified Thu, 16 May 2024 13:51:23 GMT )
Май 16, 2024 18:51 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди занони ихтироъкори эронӣ
    Афзоиши теъдоди занони ихтироъкори эронӣ

Бо вуҷуди ин ки ҳамчунон фосилаи зиёде миёни мухтареони марду зан дар ҷаҳон вуҷуд дорад, аммо шохисҳои мавҷуд ҳокӣ аз ин аст, ки талоши занони эронӣ барои пур кардани ин холигӣ бо суръати бештаре пеш меравад.

Ба гуфтаи Митро Аминлу, мудири Конуни мудирияти дороиҳои фикрӣ бар асоси мутолиае, ки дар муовинати илмӣ дар мавриди ихтирооти сабтшуда дар Эрон анҷом шуд, дар панҷ соли гузашта мушорикати занон дар сабти ихтироъ дар Эрон 5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ин омор дар соли 2022 ҳудуди 26 дарсад буда, ки нисбат ба миёнгини ҷаҳонӣ 10 дарсад бештар аст. Ин омор як сол пеш аз он дар соли 2021 -ум 24 дарсад буд, ки афзоиши ҳудуди ду дарсадиро тайи як сол нишон медиҳад ва ин дар ҳолест, ки ба таври миёна дар дунё, дарсади занони мухтареъ дар парвандаҳои сабти ихтироъ ҳудуди 14 % аст ва дар кишварҳои пешрав ҳам ин рақам ба 18 % намерасад.

Ба иборате дигар, дар Эрон дар баробари ҳар 4 марди мухтареъ, як зани мухтареъ фаъол аст, ки дар муқоиса бо нисбати ҷаҳонӣ 6 ба 1 рақаме қобили мулоҳиза аст. Зерсохтҳову фурсатҳое, ки пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ барои занону духтарони эронӣ барои ҳузур дар арсаҳои илмӣ фароҳам шудааст, батадриҷ заминаро барои пештозии онҳо дар сабти ихтироъ фароҳам кардааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 50 дарсади донишҷӯён, 40 дарсади кормандон, 33 дарсади аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳо ва ҳудуди 50 дарсади фориғуттаҳсилони докториро дар Эрон бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин пас аз инқилоби исломӣ беш аз 9500 муаллифи зан ва 840 ношири зан дар кишвар фаъолият доранд.

Ба навиштаи «Форбс», дар пайи пирӯзии инқилоби исломӣ ва афзоиши мухолифатҳову душманиҳо бо Эрон, ин кишвар ба манзури афзоиши тавоноии худ барои рақобат дар арсаҳои мухталиф ва таъмини ниёзҳои кишвар, ки ба каррот мавриди таҳримҳои мухталифе қарор мегирифт, иқдом ба ройгон кардани системаи омӯзишӣ намуд. Ин амр худ мунҷар ба эҷоди донишгоҳҳои зиёди давлатӣ дар шаҳрҳову рустоҳо шудаву омӯзиш дар сутуҳи болотарро барои занону духтарони эронӣ қобили дастрастар намуд, ки дар ниҳоят ба сурати кумаки занон ба таҳаввулоти умда дар заминаҳои гуногун ба самар нишаст.

Бетардид тавсеаи ҳар ҷомеа дар гарави тавонмандиву мушорикати ҳамаи аъзои он ҷомеа аст ва рӯйкарди тавонмандсозии бонувон дар арсаҳои мухталиф дар ҷомеаи исломӣ на танҳо раҳёфти муҳим барои расидан ба тавсеаи пойдор аст, балки худ ба унвони ҳадафи тавсеа маҳсуб мешавад. Бо тавваҷуҳ ба ин ки яке аз шохисҳои аслии бароварди «тавсеа» ва «рушду навоварӣ» дар ҳар кишвар мизони сабти ихтироот аст, саҳми бонувон дар ин замина яке аз шохисҳои расаду арзёбии тавозуни ҷинсиятӣ дар ин ҳавза ба шумор меравад.

Бо ин ҳол, бо вуҷуди таблиғоти густардае, ки дар Ғарб дар хусуси ҳимоят аз ҳуқуқи занон ба роҳ афтода, саҳму ҷойгоҳи занон дар арсаҳои илмӣ, бахусус дар заминаи сабти ихтироот чандон қобили тавваҷуҳ ва чашмгир нест.

Дар поёни қарни бистум танҳо 10 дарсади кулли идеяҳои сабтшуда мутаъаллиқ ба хонумҳо буда ва дар ҳоли ҳозир камтар аз 30 дарсад аз муҳаққиқони ҷаҳонро занон ташкил медиҳанд. Ин амр муҷиб шуд Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2015 –ум, 11 февралро бо ҳадафи афзоиши мушорикати бештари занону духтарон дар арсаҳои илмӣ ва тавонмандсозии занону духтарон дар илм -  Рӯзи ҷаҳонии занону духтарон дар илм номгузорӣ кунад то аҳамияти ҳузури занону духтаронро дар арсаҳои илму фанноварӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдоварӣ ва заминаҳои мушорикати фаъоли занонро дар арсаҳои илмӣ фароҳам кунад.

Бо ин ҳол мутолеаи идораи ихтирооти аврупоии EPO таҳти унвони «Мушорикати занон дар тавлиди ихтироот» нишон дод, ки дархостҳои сабти ихтирооти занон дар 38 кишвари тарафи қарордоди ин иттиҳодия, дар фосилаи замонии 1978 то 2019, 13.2 % будааст ва бино бар баровардҳо, бо нархи рушди феълӣ, то соли 2070 мелодӣ имкони пур кардани ин шикофи ҷинсиятӣ ва баробарии саҳми мухтареини зану мард вуҷуд нахоҳад дошт.

Аммо зерсохтҳои омӯзишиву илмии фароҳамшуда барои занону духтарони эронӣ ин умедвориро эҷод кардааст, ки раванди афзоиши саҳми занони эронӣ дар сабти ихтироот дар солҳои оянда низ бо раванди шитобон идома ёбад.