Май 13, 2023 15:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Туркманистон бо Тоҷикистон дар хусӯси дастрасӣ ба Хазар

Раисиҷумҳури Туркманистон дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Ашқобод, омодаи эҷоди як каридори ҳамлу нақл бо широкати ду кишвар барои дастрасии тиҷории тарафи тоҷик ба Дарёи Хазар аст.

Ба гузориши ИРНА, Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод дод, ки Душанбе аз имконоти бандари Туркманбошӣ дар Дарёи Хазар барои иртибототи тиҷории байналмилалии худ истифода кунад.

Бердимуҳаммадов гуфт, ҳавзаи ҳамлу нақл авлавияти аввали ҳамкории ду кишвар аст ва талошҳо бояд бар эҷоди як зерсохти қудратманду модерн мутамарказ дошта бошад, зерсохте, ки якпорчагии системаҳои ҳамлу нақли Осиё, Аврупо ва Ховари Миёнаро тазмин кунад.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин афзуд, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дастрасии мустақим ба дарё надоранд, бояд аз имконоти бандари шарқии Хазар барои вуруд ба бозорҳои ҷаҳонӣ ниҳояти истифодаро бибаранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт, ду тараф қасд доранд ҳаҷми ҳамлу нақли ҷодаӣ ва рейлии худро дар саросари хоки ду кишвар, афзоиш диҳанд.

 

Барчасп