Июл 30, 2016 19:55 Asia/Dushanbe
  • Дархости раиси шаҳри  Қӯрғонтеппа аз рӯзноманигорон

Амирулло Асадулло, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз журналистон даъвати онро дошта, ки ба ғайр аз нишасти матбуотӣ бо ӯ вохурии озод дошта бошанд.

Баъди дар боғи фарҳанги истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа бунёд шудани театри мусиқи  мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, шаҳр  аз боғи фарҳанги истироҳатӣ маҳрум  мондааст. Масъулини шаҳри Қӯрғонтеппа дар ин замина  гуфтаанд барои бунёди боғи фарҳанги истироҳатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуҷҷатҳои заруриро барои ҷудо намудани 12 гектар замин пешниҳод кардаанд ва баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бунёди боғи фарҳанги истироҳатӣ шурӯъ мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар тули ду соли ахир  бештари масъалаҳои ҷойдошта дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа бапуррагӣ ҳали худро пайдо кардаанд. Масалан: бунёди якчанд биноҳои  аз 5 то 16 ошёна болоравии нархи манзилро дар шаҳр боздоштаву мумфарш ва васеъ шудани роҳҳои марказии шаҳр симои онро  ба куллӣ тағйир  додааст.

Кӯҳансолони  шаҳри Қӯрғонтеппа  мегӯянд, ки  нахустин бор аст, дар  фасли гармо қаълаи торихии Қӯрғонтеппаро сабз ва гулпӯш  мебинанд.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, дар тули ду сол яку якбора рушд кардани шаҳри Қӯрғонтеппа аз он буда, ки Амирулло Асадулло, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, ки додараруси  Президенти кишвар мебошад,  андозҳои рӯйпушнамудаи бархе аз соҳибкоронро ошкор намуда  онҳоро  ба буҷаи давлат бозпас кардааст.

Хурсандибахш аст,  ки буҷаи шаҳри Қӯрғонтеппа дар нимсола ба  72,3 миллион сомонӣ расидаву Амирулло Асадулло дар ҷамъи хабарнигорон мегуфт, андозҳои рӯйпӯшнамуда зиёданд барои ин сидқан мебояд кор кард, то масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалу фасл шаванд.