Май 20, 2023 18:38 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои сиёсии мақомоти Тоҷикистону Фаронса

Ройзаниҳои сиёсӣ байни мақомоти Тоҷикистону Фаронса баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ройзаниҳои сиёсӣ байни вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистону вазорати умӯри хориҷаи Фаронса дар Душанбе баргузор шуд.

Дар ин ройзаниҳо масоили марбӯт ба вазъияти кунӯнии ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуд.

Тарафайн бар лузӯми густариши равобити иқтисодӣ - тиҷорӣ таъкид ва барои густариши ҳамкориҳо бавижа дар заминаҳои энержии обӣ ва тавлиди энержӣ аз соири манобеъ, ҳавонавардӣ, коркарди маҳсӯлоти кишоварзӣ, таъсиси “шаҳрҳои ҳӯшманд” ва соири мавзуоти мавриди алоқа изҳори назар карданд.

 

Барчасп