Бозикуни тоҷики тими футболи Перспулис: Аз ҳузӯр дар Перспулис хеле хушҳолам
(last modified Mon, 22 May 2023 05:35:55 GMT )
Май 22, 2023 10:35 Asia/Dushanbe
  • Бозикуни тоҷики тими футболи Перспулис: Аз ҳузӯр дар Перспулис хеле хушҳолам
    Бозикуни тоҷики тими футболи Перспулис: Аз ҳузӯр дар Перспулис хеле хушҳолам

Ваҳдат Ҳаннонов гуфт: Фикр мекунам мо беҳтарин тими лиг будем ва бо шоистагӣ тавонистем унвони қаҳрамониро ба даст биёварем.

Ба гузориши Садои Хуросон, яке аз беҳошиятарин бозикунони хориҷие, ки  то ба ҳол ба футболи Эрон омада, Ваҳдат Ҳаннонов аст. Мудофеъи тоҷикистонии Перспулис тобистони гузашта ба ин тим омад ва имсол муваффақ шуд аввалин Ҷоми худро ба ҳамроҳи Перспулис касб кунад. Ҳаннонов, ки тавоноии бозӣ дар чанд пустро барои Перспулис дорад.

Авҷи кори Ҳаннонов дар бозии баргашт муқобили  Трактор дар Табрез буд. Бозие, ки ибтидо Перспулис бо ду  гол аз ҳариф пеш афтод вале ба якбора Трактор ба бозӣ боз гашт ва корро ба мусовӣ кашонд. Ҳаннонов аммо мисли як наҷот диҳанда зоҳир шуд ва дар охарин дақиқаи бозӣ муваффақ шуд голи бартарии тимашро ба самар бирасонад то 3 имтиёз ба ҳисоби Перспулис вориз шавад. Имтиёзоте, ки агар касб намешуд, Перспулис наметавонист қаҳрамон шавад.

Ҳаннонов гуфт: Тими мо хеле заҳмат кашид ва сахт талош кард то ин унвонро кастб кунад. Хеле хушҳолам, ки ман ҳам узве аз тими қаҳрамони Эрон ҳастам ва умедворам боз ҳам битавонем Ҷом бигирем ва ҳаводоронро хушҳол кунем. Фикр мекунам мо беҳтарин лиг мудем бо шоистагӣ тавонистем унвони қаҳрамониро ба даст биёварем.

Вай афзӯд: Лаёқати ин унвонро доштем ва хеле барои расидан ба қаҳрамонӣ талош кардем. Дар чанд бозӣ имтиёзоти зиёде аз даст додем ва ҳамин боис шуд то тимҳои дигар аз мо пеш биафтанд. Бо ин ҳол мо мехостем ҳартавре шуда қаҳрамон шавем ва барои расидан ба он ҳам заҳмат кашидем.