Май 23, 2023 20:00 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон маркази миллии
    Дар Тоҷикистон маркази миллии "Data Center" сохта мешавад

Ширкати чинӣ "Data Center" бо ҳимояти молӣ "Zhongguancun Smart City Co., Ltd" тасмим ба сохти "Data Center" дар Тоҷикистон гирифта аст.

Ин мавзуъ дар ростои санади ҳамкори дар чорчуби сафари давлатии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Чин ва иҷлоси сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ба имзо расид.

Дар натиҷаи музокирот ширкати "Huawei Technologies Tajikistan" бо ҳимояти молии ширкати чинӣ "Zhongguancun Smart City Co" барои таҳвили таҷҳизот барои корҳои муҳандиси ва ҳамчунин анҷоми анвоъи мушовира ҷиҳати сохти маркази милли коркарди муъомилоти "Data Center" эъломи омодагӣ кард.

Лозим ба зикр аст, ки ширкати "Huawei" бо 170 кишвари ҷаҳон ҳамкори дошта ва аз соли 2005 дар Тоҷикистон фаъолият дорад.