Май 24, 2023 17:17 Asia/Dushanbe
  • Истеҳсоли мошинҳои низомӣ дар Тоҷикистон
    Истеҳсоли мошинҳои низомӣ дар Тоҷикистон

Ширкати тавлидкунандаи худравҳо (мошинҳо)-и низомӣ бо номи “Сипар гурӯҳ” бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ифтитоҳ шуд.

Дар марҳилаи аввал 17 навъ мошини хос бо воридоти қатаот аз хориҷи кишвар дар ин корхона монтаж шуда, ин мизон дар оянда афзоиш хоҳад ёфт.

Қатаоти мошинҳои низомӣ биштур аз ширкате дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ворид мешавад.

Зарфияти солонаи корхонаи саноатии мошинсозӣ 120 мошин баровард шудааст ва дар оянда ин теъдод баста ба тақозо афзоиш хоҳад ёфт. Мошинҳои сохташуда дар ин ширкат бо ҳадафи таъмини ягонҳои Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ва пешбинӣ мешавад дар оянда ба кишварҳои хориҷӣ содир шавад.

Бо оғоз ба кори ин ширкат дар шаҳри Турсунзода 100 нафар машғул ба кор шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе - Рустами Эмомалӣ бо раванди истеҳсолот ва санҷиши техникии аввалин мошинҳои дар ин корхона омодашуда шинос шуданд.