Саҳми 42 дарсадии Авруосиё дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон
(last modified Sat, 27 May 2023 08:15:13 GMT )
Май 27, 2023 13:15 Asia/Dushanbe
  • Саҳми 42 дарсадии Авруосиё дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Саҳми кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бар асоси натоиҷи соли гузашта беш аз 42 дарсад будааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба унвони раиси ҷумҳӯри даъватшуда ба сурати онлайн дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё изҳор дошт : Дар як соли гузашта  саҳми кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 42 дарсад баровард шудааст.
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон таъкид кард : Ҳудуди 50 дарсад аз кулли содироти ин кишвар бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё муртабит аст.
Раҳмон аз заминаҳои саноъат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва барқи обӣ ба унвони заминаҳои мутақобили судманди таъомули Тоҷикистон бо кишварҳои узви ин иттиҳодия ёд кард.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон , Душанбе алоқаманд ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст.
Иҷлоси шӯрои олии иқтисодии Авруосиё таҳти раёсати Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия дар шаҳри Маскав баргузор шуд .
Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё шомили кишварҳои Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст.