Май 27, 2023 20:23 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби Барномаи тавсеаи манотиқи сайёҳии

Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи рушди минтақаҳои сайёҳии “Роғун” барои солҳои 2024 - 2028 тасвиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, барои иҷрои тарҳ ҳудӯди 18 миллион сомонӣ (1.7 миллиондоллар) мавриди ниёз аст.

Тавсеадиҳандагони барнома зикр мекунанд, ки Роғун шаҳри рушдёбандаи саноатӣ ва сайёҳӣ буда, баъди пурра ба кор андохтани НБО “Роғун” “имкониятҳои васеътари рушди сайёҳӣ фароҳам хоҳад шуд”.

Бино ба навиштаи сомонаи Азия плюс, “Аз нуктаи назари ҷуғрофӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун 41 қуллаи зебои кӯҳӣ, 150 чашмаи табиӣ, 11 дарёи тоза ва 4 кӯли ширин мавҷуд аст”.

Ҳамчунин 30 минтақаи гардишгарӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун вуҷӯд дорад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба дарёчаи нерӯгоҳи обии «Роғун» ишора кард.

Дар ҳоли ҳозир дар ин шахр ду боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, осорхонаи муосир, шаш осоишгоҳ ва ғайра мавҷуд аст.

Аз 31 августи 2022 , давлати Тоҷикистон дар мавриди эҷоди минтақаи туристии "Роғун" тасмим гирифт.