Май 28, 2023 09:49 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Шаҳритус
    Боздиди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Шаҳритус

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон дар сафар ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии бобои Алимардон шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Хоҷагии мазкур дар масоҳати 4,10 гектар замин ташкил гардида, дар он зироати гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар масоҳати 2,4 гектар замин пахта, дар 10 садяк замин картошка, дар 30 садяк пиёз ва дар масоҳати 25 садяк помидору дар 40 садяк полезӣ ва дар масоҳати 65 садяк замини дигар гандум кишт намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои кишоварзони ин хоҷаги қадрдони намуд.

Барчасп