Мушаххас шудани рақибони тими футболи олимпии Тоҷикистон
Май 28, 2023 16:34 Asia/Dushanbe
Тими олимпии футболи зери 23 соли Тоҷикистон дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё – 2024 дар гурӯҳи “ I ” ба майдон меравад.
Ба гузориши Ховар, ҳарифони тими Тоҷикистон Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд.
Марҳалаи интихобӣ дар гуруҳи “ I ” аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар натиҷаи қуръакашӣ 43 тим дар 11 гурӯҳ тақсим шуданд. Барандагони ин гуруҳ ва ҳамчунин чаҳор тими бартар рутбаи дувуми муҷаввизи ҳузур дар финали Ҷоми миллатҳои Осиё – 2024-ро, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, касб хоҳанд кард.
Барчасп