Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрдоган
(last modified Mon, 29 May 2023 08:58:08 GMT )
Май 29, 2023 13:58 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрдоган
    Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрдоган

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон пирузии Реҷеп Тайип Эрдоган дар интихоботро табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар матни табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар сомонаи расмии вай мунташир шуд омада аст: Натоиҷи ин руйдоди муҳими сиёсӣ далели дигари бар эътимоди ҷомеъаи Туркия ба шумо ва ҳимояти густрадаи он аз сиёсати созандаи шумо аст, ки ба шумо кумак мекунад рушди пойдори кишвар ва тақвияти эътибори он дар арсаи байналмилали аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар оянда таваҷуҳи Реҷеп Тайип Эрдоганро ба раванди густариши равобити суннатии дустона ва ҳамкориҳои чандҷонибаи судманди байни Тоҷикистон ва Туркия ҷалб кард ва ибрози этминон кард, ки дар даври ҷадиди фаъолияти шумо дар ин мақоми оли ба гуфтугуи созанда байни тарафҳо ва нафъи мардуми худ идома диҳед.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поён барои раиси Ҷумҳурии Туркия орзуи саломати ва мувафақият ва оромиш ва амният барои мардуми Туркия кард.