Баргузории нахустин анҷумани дӯстии Тоҷикистон - Чин - Русия
(last modified Tue, 30 May 2023 08:02:58 GMT )
Май 30, 2023 13:02 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин анҷумани дӯстии Тоҷикистон - Чин - Русия

Дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон нахустин анҷумани дӯстии « Тоҷикистон - Чин - Русия » баргузор шуд

  Нахустин анҷумани дӯстии « Тоҷикистон - Чин - Русия » бо ҳадафи баррасии нақши дипломасии умумӣ дар тақвияти равобити байни кишварҳо ба мизбонии Донишгоҳи славянӣ баргузор шуд .
Ҳамаи ширкаткунандагон аз баргузории нахустин анҷумани сеҷониба истиқбол карда ва нақши дипломасии умумӣ дар кумак ба таҳкиму густариши дӯстӣ ва таъомулоти миёни кишварҳо ва миллатҳоро барҷаста донистанд.
Ҳамчунин бар зарурати нақшофаринии фаъоли ниҳодҳои мухталифи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишии ҷавомеъи ин се кишвар дар ҷиҳати ҳифзи арзишҳову манофеи муштарак таъкид карданд.
Дар поёни ин анҷуман маросими эҳдои лавҳи тақдири Анҷумани дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба Донишгоҳи славянӣ ва муассисаи Конфюсии вобаста ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.