Июн 01, 2023 08:53 Asia/Dushanbe
  • Судури 1000 раводиди (виза) муҳоҷиратии Амрико барои шаҳрвандони Тоҷикистон
    Судури 1000 раводиди (виза) муҳоҷиратии Амрико барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон тайи 8 моҳ барои шаҳрвандони ин кишвар 1000 раводиди муҳоҷирати содир кардааст

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, сафорати Амрико дар Тоҷикистон 4 октябри 2022 ( 9 обони 1401) иқдом ба судури раводиди муҳоҷирати барои  шаҳрвандони ин кишвар кард.

Дар Душанбе судури раводиди муҳоҷиратии Иёлоти Муттаҳида аз 4-уми октябри 2022 оғоз шудааст.

Пеш аз ин раводиди муҳоҷирати барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистонро сарконсулгарии Амрико дар шаҳри Алматои Қазоқистон содир мекард.

Сафири Амрико тайи маросиме, ки ба муносибати судури ҳазорумин раводиди муҳоҷирати кишвараш баргузор шуд, эҷоди таслиҳот дар ҳукми  дарёфтии ин навъ раводид тавассути шаҳрвандони Тоҷикистонро гоми таърихӣ барои равобити дӯстона миёни дукишвар тавсиф кард.

Барчасп