Лавров ба Тоҷикистон сафар мекунад
Вазири хориҷаи Русия ба манзури анҷоми сафари расмии дуруза вориди Тоҷикистон мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия ба манзури анҷоми сафари расмии ду руза имруз вориди Тоҷикистон мешавад.
Лавров зимни ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳур ва Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дидору гуфтугу хоҳад кард.
Интизор меравад, ки ду тараф дар мавриди вазъият ва чашмандози равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ баҳсу табодули назар хоҳанд кард.
Ҳамчунин ба мавзъуи тақвияти бештари ҳамоҳангиҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар бистарҳои чандҷониба монанди СПАД, ИДМ, СҲШ ва Созмони Милали Муттаҳид таваҷуҳи вижа мабзул хоҳад шуд.
Қарор аст тайи ин сафар Лавров дар нишасти бо дипломатҳои ҷавон, донишҷуён, рузноманигорон, намояндагони маҳфилҳои коршиносӣ ва илмии Тоҷикистон, ки дар донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ Славянски баргузор хоҳад шуд ширкат ва суханрони карда ва ҳамчунин аз пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон боздид ба амал хоҳад овард.